Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист. Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки феълан 360 ташкилот аъзои палата мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар се моҳи ахир палата ба маблағи 806,3 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки аз нақшаи […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист.






Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки феълан 360 ташкилот аъзои палата мебошанд.





Ба гуфтаи ӯ, дар се моҳи ахир палата ба маблағи 806,3 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 29 дарсад зиёдтар аст.





«Пешниҳоди иҷозатнома ва гувоҳномаҳо ба мол самти асосии фаъолияти мо маҳсуб мегардад, – гуфт ӯ. – Бо дархости соҳибкорони хориҷиву ватанӣ палата сифат, бандубаст, ҳаҷм ва махсусиятҳои моли воридотӣ ва содиротиро аз ташхис гузаронида, гувоҳномаҳои таърих ва макони истеҳоли молро медиҳад».





«Раёсати ташхис ва гувоҳномадиҳӣ дар се моҳ беш аз 3600 гувоҳнома ва 27 иҷозатнома додааст», – идома дод Ш.Саид.





Вай баён дошт, ки то санаи 1-уми июли соли 2008 Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дур 197 созишнома ба имзо расонидааст. Айни замон палата дар 48 кишварҳо намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.