Шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар 30 рӯз метавонанд бидуни қайд иқомат дошта бошанд

Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар 30 рӯз метавонанд бидуни қайд иқомат дошта бошанд. Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин қарордод зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар боздиди расмӣ моҳи май дар Остона ба тасвиб расидааст. Ёдрас мекунем, ки дар […]

Виктория Наумова



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар 30 рӯз метавонанд бидуни қайд иқомат дошта бошанд.






Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин қарордод зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар боздиди расмӣ моҳи май дар Остона ба тасвиб расидааст.





Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 7-уми июл сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», – гуфт сафир. 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.