Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ санаи 25-уми июл дар Душанбе ҷамъ меоянд

Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) санаи 25-уми июл дар Душанбе ҷамъ меоянд. Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзномаи ҷаласаи ҳамоиши сарони давлатҳои узви созмон, ки ахири моҳи […]

Виктория Наумова



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) санаи 25-уми июл дар Душанбе ҷамъ меоянд.






Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзномаи ҷаласаи ҳамоиши сарони давлатҳои узви созмон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ мегардад.





Интизор меравад, ки дар ҷаласаи вазирон пешниҳодот ва тавсияҳо ба рӯзномаи ҷаласаи сарони давлат қабул карда мешаванд.





Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздиди вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи ба Тоҷикистон ба имзо расидани як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.





Ба қавли Д.Назриев, вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард. Дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Чин ҷараёни чорабиниҳои омодагии сафари расмии раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтаоро ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мекунад. Боздиди расмии сарвари давлати Чин ба Тоҷикистон қабл аз оғози ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст.

 


 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.