Дар Хоруғ масъалаи истифодаи нерӯи барқи офтобӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муаррифии як барномаи нав таҳти унвони истифодабарии нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ баргузор гардид. Профессорони донишгоҳи технологияи энергетикии   Афина   Петрос Аксополусус ва Воҳид Розиков- донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳадафи барномаро   тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар риштаи   табдили шуоъи офтоб ва вазиши […]

root


Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муаррифии як барномаи нав таҳти унвони истифодабарии нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ баргузор гардид.




Профессорони донишгоҳи технологияи энергетикии

 

Афина

 

Петрос Аксополусус ва Воҳид Розиков- донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳадафи барномаро

 

тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар риштаи

 

табдили шуоъи офтоб ва вазиши ҳаракати

 

бод ба нерӯи барқ арзёбӣ намуданд. Профессори донишгоҳи Афина изҳор дошт, ки дар барномаи тайёр намудани мутахассисони риштаи

 

истфодабарии барқи офтобӣ ва бодӣ мутахассисони се кишвари урупои- Олмон, Суис, Юнон ва донишгоҳҳои техникии Қазоқистон ва Тоҷикистон

 

хамкорӣ доранд.



Ба андешаи профессори донишгоҳи Афина

 

Тоҷикистон метавонад куллан ниёзашро ба энержӣ аз ҳисоби истифодаи самараноки барқи офтобӣ ва бодӣ бароварда созад.



Аммо ба гуфтаи профессори Донишгоҳи техникии Тоҳикистон Вохид Розиқов ҳамкорӣ дар ин ришта

 

дар марҳилаи оғоз қарор дорад, вале бо назардошти болоравии нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ масоили истифодаи барқи офтобӣ ва бодӣ дар кишвар аҳамияти махсус касб мекунад.



Дар ҳамин ҳол, мудири кафедраи физикаи Донишгоҳи Хоруғ

 

Ширинбек Некқадамов изҳор дошт, ки ҷиҳати зиёд будани таъсири нурҳои ултрабунафш дар манотиқи баландкӯҳ дар Бадахшон ҳанӯз дар солҳои 1980-ум таҷоруби табдили қувваи рӯшноӣ ва бод ба нерӯи барқ оғоз шуда, аммо пасон ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.