Дар ноҳияи Ҷиргатол нақшаҳои истеҳсолӣ барзиёд иҷро карда шуданд

Date:



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол тамоми нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барзиёд иҷро карда шуданд.






Раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2008 ба маблағи 3 млн. 514 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.





Ба гуфтаи ӯ, нақшаи истеҳсоли гӯшт ба андозаи 103 фоиз, афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар ҳаҷми 104 фоиз ва саршумори чорвои хурд ба миқдори 108 фоиз ба иҷро расиданд.





«Ҳаҷми савдои чакана се баробар афзуда, он аз 91,7 ҳазор сомонии пешбинишуда то 276,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст», – гуфт раиси ноҳия.





Мавсуф зикр кард, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии ноҳия фаъолона ба соли нави хониш омодагӣ мегиранд. «Ҷиҳати таъмири мактабҳо аз буҷаи ноҳия 211 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва соли ҷорӣ дар 5 мактаб таъмири асосӣ ҷараён дошта, дар мактабҳои дигар таъмири ҷорӣ анҷом ёфтааст», – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки барои харидории ангишт ба ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ 162 ҳазору 205 сомонӣ ихтисос дода шудааст.





А.Абдураҳмонов ҳамзамон баён дошт, ки имсол ба ноҳия барои қабул ба макотиби олии кишвар 24 квота ҷудо шудааст, ки 13-тои он насиби духтарон гашт. «Ҳамзамон 13 нафар хатмкунандагон, ки тариқи квота таҳсил мекарданд, ба ноҳия баргашта соли равон дар ин ҷо ба кор шурӯъ мекунанд», – афзуд ӯ.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...