Дар ноҳияи Ҷиргатол нақшаҳои истеҳсолӣ барзиёд иҷро карда шуданд

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол тамоми нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барзиёд иҷро карда шуданд. Раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2008 ба маблағи 3 млн. 514 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи истеҳсоли гӯшт ба андозаи 103 […]

Бимукаррама Насруллоева



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол тамоми нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барзиёд иҷро карда шуданд.






Раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2008 ба маблағи 3 млн. 514 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.





Ба гуфтаи ӯ, нақшаи истеҳсоли гӯшт ба андозаи 103 фоиз, афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар ҳаҷми 104 фоиз ва саршумори чорвои хурд ба миқдори 108 фоиз ба иҷро расиданд.





«Ҳаҷми савдои чакана се баробар афзуда, он аз 91,7 ҳазор сомонии пешбинишуда то 276,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст», – гуфт раиси ноҳия.





Мавсуф зикр кард, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии ноҳия фаъолона ба соли нави хониш омодагӣ мегиранд. «Ҷиҳати таъмири мактабҳо аз буҷаи ноҳия 211 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва соли ҷорӣ дар 5 мактаб таъмири асосӣ ҷараён дошта, дар мактабҳои дигар таъмири ҷорӣ анҷом ёфтааст», – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки барои харидории ангишт ба ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ 162 ҳазору 205 сомонӣ ихтисос дода шудааст.





А.Абдураҳмонов ҳамзамон баён дошт, ки имсол ба ноҳия барои қабул ба макотиби олии кишвар 24 квота ҷудо шудааст, ки 13-тои он насиби духтарон гашт. «Ҳамзамон 13 нафар хатмкунандагон, ки тариқи квота таҳсил мекарданд, ба ноҳия баргашта соли равон дар ин ҷо ба кор шурӯъ мекунанд», – афзуд ӯ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.