Ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Date:



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод.






Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб (наздик ба 22 ҳазор метри мукааб дар як соат)

 

газ интиқол дода мешуд. Ҷанде қабл ин рақам ба 30-40 ҳазор метри мукааб баробар буд.





«Ба иллати напардохтани маблағи қарзи истифодаи газ давлати ҳамсоя интиқоли онро коҳиш дод, – гуфт ӯ. – Айни замон маблағи қарзи истифода аз газ 7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад».





Мувофиқи маълумоти Ш.Шоимов, феълан Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Корхонаи алюминии Тоҷикистон) дар ҳаҷми пурра газ мегирад ва қисман онро Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиказот» истифода мебарад, ки дар он як хати истеҳсол фаъолият дорад.





Ба қавли ӯ, қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» ($3,8 млн.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ($2,5 млн.) мебошанд ва интиқоли газ ба корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ карда шудааст.





«Агар ширкату корхонаҳои мазкур мабалағи қарзро пардохт кунанд, дар он сурат «Тоҷикгаз» низ бо ҷониби Ӯзбекистон ҳисоббаробарӣ намуда, бобати барқарорсозии интиқоли газ дар ҳаҷми пурра гуфтушунид мекард», – афзуд Ш.Шоимов.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...