Ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод. Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб […]

Виктория Наумова



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод.






Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб (наздик ба 22 ҳазор метри мукааб дар як соат)

 

газ интиқол дода мешуд. Ҷанде қабл ин рақам ба 30-40 ҳазор метри мукааб баробар буд.





«Ба иллати напардохтани маблағи қарзи истифодаи газ давлати ҳамсоя интиқоли онро коҳиш дод, – гуфт ӯ. – Айни замон маблағи қарзи истифода аз газ 7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад».





Мувофиқи маълумоти Ш.Шоимов, феълан Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Корхонаи алюминии Тоҷикистон) дар ҳаҷми пурра газ мегирад ва қисман онро Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиказот» истифода мебарад, ки дар он як хати истеҳсол фаъолият дорад.





Ба қавли ӯ, қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» ($3,8 млн.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ($2,5 млн.) мебошанд ва интиқоли газ ба корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ карда шудааст.





«Агар ширкату корхонаҳои мазкур мабалағи қарзро пардохт кунанд, дар он сурат «Тоҷикгаз» низ бо ҷониби Ӯзбекистон ҳисоббаробарӣ намуда, бобати барқарорсозии интиқоли газ дар ҳаҷми пурра гуфтушунид мекард», – афзуд Ш.Шоимов.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.