Меъёри истифодаи нерӯи барқ пас аз ҷашни Истиқлолият ҷорӣ мегардад

Date:



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.






Ёдовар мешавем, ки 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон на дар фасли зимистон, балки тирамоҳ, аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда шавад.





Вазир мегӯяд, ки ба иллати хушксолӣ ва камобии имсола Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар обанбори Норак оби кофӣ захира намояд.





Ба қавли Г.Шералӣ, то ахири моҳи август мизони об дар обанбори Норак бояд ба


908 метр

расад ва ин дар ҳолест, ки айни замон ҷараёни воридшавии об ба обанбор ҳудуди 1-1,2 ҳазор метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.





«Захира кардани об бояд бо дарназардошти баргардонидани қарзи нерӯи барқи кишвар ба Ӯзбекистон амалӣ гардад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 63-64 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад ва аз ин миқдор 11 млн. кВт/соат ба Ӯзбекистон ва 1 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.






 


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...