Меъёри истифодаи нерӯи барқ пас аз ҷашни Истиқлолият ҷорӣ мегардад

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад. Ёдовар мешавем, ки 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар […]

Виктория Наумова



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.






Ёдовар мешавем, ки 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон на дар фасли зимистон, балки тирамоҳ, аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда шавад.





Вазир мегӯяд, ки ба иллати хушксолӣ ва камобии имсола Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар обанбори Норак оби кофӣ захира намояд.





Ба қавли Г.Шералӣ, то ахири моҳи август мизони об дар обанбори Норак бояд ба


908 метр

расад ва ин дар ҳолест, ки айни замон ҷараёни воридшавии об ба обанбор ҳудуди 1-1,2 ҳазор метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.





«Захира кардани об бояд бо дарназардошти баргардонидани қарзи нерӯи барқи кишвар ба Ӯзбекистон амалӣ гардад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 63-64 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад ва аз ин миқдор 11 млн. кВт/соат ба Ӯзбекистон ва 1 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.