Дар заминҳои бекорхобидаи Кӯлоб манзилҳои зист сохта мешаванд

Кӯлоб. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб барои мушаххас кардани қитъаҳои замини қаламрави собиқ корхонаҳои бузург ва муассисаҳои нақлиёти шаҳр қарор карданд, ки аз ҳисоби намояндагони мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ комиссияи барӯйхатгирӣ ташкил кунанд, то ин қитъаҳоро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳад. Аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мири […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб барои мушаххас кардани қитъаҳои замини қаламрави собиқ корхонаҳои бузург ва муассисаҳои нақлиёти шаҳр қарор карданд, ки аз ҳисоби намояндагони мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ комиссияи барӯйхатгирӣ ташкил кунанд, то ин қитъаҳоро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳад.




Аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мири шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ҷиҳати дар рӯзҳои наздик мушаххас сохтани қитъаҳои замини бекорхобидаи ин корхонаву муассисот супоришоти мушаххас додааст.



«Заминҳои бекорхобидаи мазкур барои сохтмони манзили зист ҷудо карда хоҳанд шуд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки аз 4 ҳазор нафари бо ариза муроҷиаткарда, мақомоти шаҳрдорӣ имкон дорад танҳо ба 1000 нафар мӯҳтоҷон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо намояд, зеро заминҳои мавҷуда талаботи ҳамаро қонеъ намесозанд.



Дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ огаҳӣ ёфт, ки шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» ба иттиҳодияи сохтмонии «Кӯлобдеҳсохтмон» ҷиҳати оғози сохтмони тарзи ипотекаи коттеҷҳои дуошёна дар қаламрави фурудгоҳи кӯҳна 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос додааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.