Дар Тоҷикистон коршиносони Чин имконоти истихроҷ ва коркарди нуриҳои фосфориро меомӯзанд

Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс – Ҷанде қабл дар мулоқоти намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «ЮНАН ФОСФАТ КЕМИКАЛС ГРУПП»-и Чин масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ширкати чиноӣ яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар Чин мебошад. «Намояндагони ширкат […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс – Ҷанде қабл дар мулоқоти намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «ЮНАН ФОСФАТ КЕМИКАЛС ГРУПП»-и Чин масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ширкати чиноӣ яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар Чин мебошад.



«Намояндагони ширкат бо мушкилоти норасоии нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ шинос гаштанд», – гуфт Н.Додобоев. Роҳбари ҳайати намояндагони Чин Ли Яоджи изҳор доштааст, ки онҳо ҷиҳати омӯзиши вазъи таъмини кишоварзон бо нуриҳои фосфорӣ ва имконоти истеҳсолу коркарди он ба кишвари мо омадаанд.



Намояндагони вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки «бо назардошти талаботи зиёди соҳаи кишоварзии кишвар ба нуриҳои минералӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истихроҷу коркарди фосфор дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст».



Зикр гардид, ки ҳаҷми фосфоре, ки дар заводи кимиёи Ёвон истеҳсол мегардад, ҳамагӣ 30 фоизи талаботи кишоварзони ҷумҳуриро қонеъ месозад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.