Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба давраи нимниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт

Душанбе. 04-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии саввуми гурӯҳии Ҷоми даъвати Осиё бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар дода мешавад, ки се тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Юсуф Рабиев ва як тӯби дигарро Давронҷон […]

root


Душанбе. 04-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии саввуми гурӯҳии Ҷоми даъвати Осиё бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар дода мешавад, ки се тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Юсуф Рабиев ва як тӯби дигарро Давронҷон Тӯхтасунов ворид сохтаанд.




Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон – футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд. Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии нимниҳоӣ дар вохӯрии Дастаҳои Мянма ва Кореяи Шимолӣ муайян мешавад.



Қобили зикр аст, ки айни замон Юсуф Рабиев бо 7 тӯби задаи худ, пешсафи нишонзанҳои беҳтарини ин мусобиқот аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.