Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе меояд

Date:


Душанбе. 2-август. ОИ «Азия-Плюс» – 31 июли соли 2008 дар ҷараёни боздиди расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардид.




Дар




вохӯрӣ




масъалаҳои




дуҷониба




ва




ҳамкории




ду




кишвар




дар




доираи




созмони




байналмилалӣ


,


инчунин




вазъияти




минтақа




ва




масъалаҳои




амният




мавриди




баррасӣ




қарор




гирифтанд


.



Ҳангоми сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳбарияти Тоҷикистон нисбати дастгириаш минатдории самимӣ изҳор дошта, тасдиқ кард, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 28 август дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамчунин дар вохӯрии сарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки баъди ҷаласаи Шӯрои сарони СҲШ ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳад кард.



Ҳамрохон




Зарифӣ




оид




ба




тадбирҳое


,


ки




роҳбарияти




Ҷумҳурии




Тоҷикистон




оид




ба




таҳкими




муносибатҳои




дуҷониба




меандешад


,


муфассал




маълумот




дода


,


инчунин




пешомадҳои




ҳамкориҳо




сеҷонибаро




бо




иштироки




давлати




ҳамсоя





Афғонистон




махсус




арзёбӣ




намуд


.



Дар рафти сӯҳбат роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамсӯҳбати худ ҳамфикрӣ иброз намуда, нисбати бисёр масъалаҳои матраҳшуда, аз ҷумла, ташкил кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир кард.



Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...