Дар ноҳияи Турсунзода бар асари беэҳтиётии ронанда роҳгузари 13-сола ба ҳалокат расид

Date:


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Турсунзода бар асари беэҳтиётии ронанда роҳгузари 13-сола ба ҳалокат расид.




Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар роҳи мошингарди самти деҳаи Ленинизм ронандаи автомобили «Опел Вектра» Суматулло Сафаров аз ӯҳдаи удораи мошин набаромада, роҳгузари ноболиғ Рустам Ашӯровро пахш мекунад. Аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта аксари садамаҳои нақлиётӣ бар асари бо суръати баланд рондани автомобил рух додаанд. Ҳафтаи супаришуда дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирфта шуд, ки бар асари он 23 нафар ба ҳалокат расида, 53 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

 





 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...