Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷи уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захираҳои маъдани уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист. Ахир ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин роҳбари ширкат Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода […]

root


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захираҳои маъдани уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.




Ахир ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин роҳбари ширкат Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон

 

ҳамкорӣ намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар

 

ба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», – афзуд Горден Ян.



Мавриди зикр аст, ки «Зи Экс Ҷой Инвест» аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва энергетикаи атомӣ

 

ба шумор меравад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.