Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Хабарнигории РИА «Новости»-и Русия иттилоъ медиҳад, ки коргардони филмҳои мустанад ва нависандаи рус Сергей Говорухин таҳти унвони «Ҳеҷ кас, ба ҷуз мо» оид ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон филм таҳия намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, коргардон филмро дар озмуни фестивали кинои Русия «Равзана ба Аврупо» пешкаш хоҳад кард.
«Филм дар муддати се сол наворбардорӣ шуд, зеро ман таҷрибаи кофӣ ҳам надоштаму ҳама вазифаҳо – муаллифи бадеӣ, коргардон ва продюсериро ба дӯши худ гирифтам», – гуфтааст С.Говорухин. – Филм ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, зеро кам касон дар бораи он маълумоти саҳеҳу зарурӣ доранд, ҳарчанд дар он набардҳо дивизияи 201-уми Русия низ иштирок дошт».
Филм дар шаҳри Маскав, Қрим ва лаҳзаҳои ҷангии он дар кӯҳҳои Тоҷикистон наворбардорӣ карда шудаанд. Коргардон зикр кардааст, ки ҷиҳати ба воқеият наздик будани филм кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар филм ба ҷуз ҳунармандони касбӣ ҳамчунин афсарони нерӯҳои низомии иктишофии рус низ нақш бозидаанд.


