СММ ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Тибқи хабари маркази иттилооти СММ, ҳафтаи гузашта қарор шудааст, аз ҳисоби Фонди Марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида – Тоҷикистон, Ҷибути, Эритрея, Кения, Буркина-Фасо, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.




Тибқи хабари маркази иттилооти СММ, ҳафтаи гузашта қарор шудааст, аз ҳисоби Фонди Марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида – Тоҷикистон, Ҷибути, Эритрея, Кения, Буркина-Фасо, Бурунди, Лесото, Мадагаскар, Нигер, Покистон, Йемен ва Зимбабве боз 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шавад.



«Ба иллати хушксолӣ, ҳосили ночиз, афзоиши нархи маводи озуқа ва сӯзишворӣ миллионҳо нафар аҳолии ин кишварҳо дар ҳоли фақру нодорӣ қарор доранд», – изҳор доштааст муовини дабири кулл оид ба масоили гуманитарӣ Ҷон Холмс.



Соли равон аз фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ба ин мақсад 60 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда, то ахири сол боз 12 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.



Соли 2005 Фонди гардиши ҳолатҳои фавқулодда ба Фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон табдил дода шуда, то имрӯз ҷиҳати табиқи лоиҳаҳои пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар 62 кишвари ҷаҳон 900 миллион доллари амрикоӣ маблағ равона сохтааст. Фонди мазкур бо сармояи оинномавии 500 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби

 

маблағҳои воридии ихтиёриён афзоиш меёбад ва ба он ҳам кишварҳои узв ва ҳам бахши хусусиву шахсони алоҳида саҳмгузор шуда метавонанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.