Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷи уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист

Date:


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захираҳои маъдани уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.




Ахир ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин роҳбари ширкат Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон

 

ҳамкорӣ намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар

 

ба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», – афзуд Горден Ян.



Мавриди зикр аст, ки «Зи Экс Ҷой Инвест» аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва энергетикаи атомӣ

 

ба шумор меравад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...