Ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишоварзӣ ворид гардид

Date:


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мадад»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Хайрулло Худойбердиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки корхона ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишвоарзӣ ворид кардааст.




«Айни замон дар анборҳои корхона ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётии техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд», – гуфт Х.Худойбердиев ва афзуд, ки ояндаи наздик боз ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ комбайнҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас карда мешаванд.



Раиси корхона ҳамчунин зикр кард, ки соли равон муомилоти мол ба маблағи 1 млн. 400 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале дар 7 моҳи соли равон он аллакай ба 1 млн. 800 сомонӣ расид.



Ёдрас мекунем, ки КВД «Мадад» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро ба техникаи соҳаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он таъмин менамояд. Корхона соли 1961 чун «Тоҷикселхозтехника» таъсис дода шуда, минбаъд ба «Госкомселхозтехника» (соли 1978), Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагроснаб» (соли 1985), Комплекси агросаноатии «Агропромтехснаб» (соли 1991) ва соли 1992 ба консерни «Мадад» тағйири ном кард. Аз соли 2004 дар заминаи ин консерн бо қарори ҳукумати Тоҷикистон КВД «Мадад» таъсис ёфт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...