Ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишоварзӣ ворид гардид

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мадад»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Хайрулло Худойбердиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки корхона ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишвоарзӣ ворид кардааст. «Айни замон дар анборҳои корхона ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётии техника ва […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мадад»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Хайрулло Худойбердиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки корхона ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишвоарзӣ ворид кардааст.




«Айни замон дар анборҳои корхона ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётии техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд», – гуфт Х.Худойбердиев ва афзуд, ки ояндаи наздик боз ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ комбайнҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас карда мешаванд.



Раиси корхона ҳамчунин зикр кард, ки соли равон муомилоти мол ба маблағи 1 млн. 400 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале дар 7 моҳи соли равон он аллакай ба 1 млн. 800 сомонӣ расид.



Ёдрас мекунем, ки КВД «Мадад» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро ба техникаи соҳаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он таъмин менамояд. Корхона соли 1961 чун «Тоҷикселхозтехника» таъсис дода шуда, минбаъд ба «Госкомселхозтехника» (соли 1978), Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагроснаб» (соли 1985), Комплекси агросаноатии «Агропромтехснаб» (соли 1991) ва соли 1992 ба консерни «Мадад» тағйири ном кард. Аз соли 2004 дар заминаи ин консерн бо қарори ҳукумати Тоҷикистон КВД «Мадад» таъсис ёфт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.