Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расид.
Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ронандаи автомашинаи навъи «Газел» Дилшод Ғайратов ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, Абӯбакр Шамшоди 4-соларо бо мошин пахш мекунад.
Бар асари бардоштани захмҳои ҷисмонӣ кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.


