Муовини раиси ҲСДТ: Хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ амри табиист

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди пароканда гардидани ин иттиҳод шурӯъ мешавад. Ба қавли ӯ, қарори ҳукуматдорони гурҷӣ амри табиӣ аст. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ду ҷониби […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди пароканда гардидани ин иттиҳод шурӯъ мешавад.




Ба қавли ӯ, қарори ҳукуматдорони гурҷӣ амри табиӣ аст. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ду ҷониби разманда дар як иттиҳод буда наметавонанд, вале бо хориҷ шудани Гурҷистон мушкилоти дохилии иттиҳод на танҳо ҳал намешаванд, балки баръало зоҳир мегарданд», – гуфт ӯ. Мавуф мегӯяд, ки дар қаламрави ИДМ оид ба ин ё он масъала ихтилофи назарҳои зиёде ҷой доранд.



«Қобили зикр аст, ки омилҳои иҷтимоии мавҷудияти иттиҳод хеле заифанд», – қайд кард Ш.Ҳакимов. Коршинос таъкид сохт, ки кишварҳо ба узвият дар ин ё он созмон бояд аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ муносибат намоянд.



«Ҳангоме ки аз вазъи бӯҳронӣ ҷаҳониён изҳори нигаронӣ намуданд, мақомоти роҳбарии ИДМ зарур нашуморид, ки ҷаласаи таъҷилӣ даъват созад, то ба ҳалли мушкилоти минтақа мусоидат кунад, – зикр кард ӯ. – Пас ИДМ барои чӣ лозим аст?». Мавсуф баён дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи таъҷилӣ доир намуда, масъалаи вазъи Осетияи Ҷанубиро дар сатҳи байнулмилалӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дод. «Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки зуд ё дертар давлатҳои Украина, Молдова ва Озарбойҷон низ хоҳиши аз ҳайати ИДМ хориҷ шуданро хоҳанд кард», – гуфт дар анҷом Ш.Ҳакимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.