«Sinohydro» ба сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» таваҷҷӯҳ намуд

Date:


Душанбе. 14-уми авугст. ОИ «Азия-Плюс» –


Ба сохтмони нер


ӯ


гоҳи обию барқии «Нуробод-2»

 

дар дарёи Хингоб ширкати чиноии


«Sinohydro»


тава


ҷҷ


ӯ


ҳ намуд. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки лоиҳаи созишнома таҳия гардида, ба ширкати чиноӣ пешкаш шудааст.




Бино ба иттилои манбаъ, и


қтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод -2» 200 МВт-ро ташкил дода, он дар 23 километрии резишгоҳи рӯдхонаи Хингоб бунёд мешавад ва ҳамасола 740 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.





«Танҳо баъди имзои созишнома ширкат ба таҳияи заминаи техникиву фаннии лоиҳа шурӯъ хоҳад кард, ки пас аз он арзиши умумии лоиҳа ва тарзи сохтмони он муайян карда мешаванд», – иттилоъ дод манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки созишномаи сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии «Ёвон» дар рӯдхонаи Зарафшон моҳи январи соли 2007 дар шаҳри Пекин аз ҷониби раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва президенти ширкати хитоии


«


Sinohydro


»




Чин Фан Тсзисян


ба имзо расида буд.



Тибқи шартнома, барои бунёди иншоот Чин ба Тоҷикистон ба миқдори беш аз 200 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёнок (ба мӯҳлати 25 сол бо пардохти 1 фоизи солона) ҷудо мекунад.


«


Sinohydro


» ӯҳдадор шуд,


сохтмони




иншоотро




дар




муддати


36


моҳ




ба




анҷом




расонад


.



Мувофиқи лоиҳа, ҳамчунин сохтмони хати интиқоли барқи иқтидори 220 киловолт дар масофаи


60 км

то зеристгоҳи 220 киловолтаи «Рӯдакӣ» дар шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шуд, ки барои минбаъд пурра таъмин сохтани ноҳияи Панҷакент бо нерӯи барқ пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи санади асоснокии фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳ, ки ҷониби Чин таҳия сохтааст, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ 150 мегаватт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба 600 млн. кВт/соат баробар аст.



Аммо баъдтар Ӯзбекистон номаи ъэтирозӣ ирсол дошта, иддаъо намуд, ки «бунёди нерӯгоҳи барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ба низоми обёрии заминҳои чаҳор вилояти он таъсири манфӣ хоҳад расонд».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...