Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (АП СПАД) Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард ва изҳор дошт, ки амалиёти низомии Тифлис дар Осетияи Ҷанубӣ имкони гуфтушуниди сиёсии мусолиҳатомезро миёни тарафҳои даргир аз байн бурд.   «Бо баҳонаи барқарории тамомияти арзии кишвар Гурҷистон ба қатли оми мардуми […]

root


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (АП СПАД) Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард ва изҳор дошт, ки амалиёти низомии Тифлис дар Осетияи Ҷанубӣ имкони гуфтушуниди сиёсии мусолиҳатомезро миёни тарафҳои даргир аз байн бурд.

 





«Бо баҳонаи барқарории тамомияти арзии кишвар Гурҷистон ба қатли оми мардуми осетин даст зад ва ин амал ба зуҳури фоҷеаи гуманитарӣ боис гардида, эҳтимолияти ҳалли мусолиматомези қазияро ғайрримкон сохт», – гуфта мешавад дар изҳороти АП СПАД.



Аъзои шӯро бар ин назаранд, ки воридшавии артиши Русия «чораи таъҷилӣ» буда, ба хотири амнияти аҳолии осоишта ва гурӯҳи низомии посдорони сулҳ сурат гирифт.



«Ахиран рафтори мақомоти раҳбарии Гурҷистон ба мавқеи аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мухолиф меомад», – зикр шудааст дар изҳорот.



Намояндагони парлумони кишварҳои узви СПАД аз мақомоти раҳбарии Гурҷистон даъват ба амал оварданд, ки аз баргузории ҳама гуна амалиёти низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ даст кашад.



СПАД соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.



Қобили зикр аст, ки изҳороти ин созмон танҳо пас аз панҷ рӯзи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ баён гардид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.