ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар Бадахшон таҳия месозад

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ раиси Ҳизби Сосиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба шаҳри Хоруғ ташриф овард. Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ изҳор дошт, ки дар шаҳри Хоруғ 16-уми август баргузории конфронси навбатии ҳизб дар назар аст. Иштирокдорони конфронс як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбиро муҳокима карданианд. «Дар назар аст, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ раиси Ҳизби Сосиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба шаҳри Хоруғ ташриф овард.




Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ изҳор дошт, ки дар шаҳри Хоруғ 16-уми август баргузории конфронси навбатии ҳизб дар назар аст.



Иштирокдорони конфронс як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбиро муҳокима карданианд. «Дар назар аст, ки қабл аз ҳама, масъалаи интихоби роҳбари нави шӯъбаи вилоятии ҳизб ва комиссияи тафтишотии он баррасӣ мешавад, – гуфт мавсуф. – Ҳамчунин ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар Бадахшон таҳия месозад».



Р.Зойиров зикр кард, ки то баргузории конфронс пагоҳ, 15-уми август

 

Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.