Тоҷикистон ба узвияти ду созмони бонуфузи геологӣ пазируфта шуд

Date:


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи Нади ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳафтаи сипаришуда дар Норвегия дар ҷаласаи 33-уми Конгресси байнулмилалии геологони ҷаҳон Тоҷикистон чун кишвари 120-уми узви ин созмон пазируфта шуд.




«Ҳанӯз соли 1992 кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекситону Қазоқистон аъзои ин созмон шуда буданд ва мо барои аввалин бор дар кори ин конгресс ширкат варзида, чун узви комилҳуқуқи он пазируфта шудем», – гуфт ӯ.



«Тибқи муқаррарот Конгресс дар чор сол як маротиба даъват карда мешавад ва ҷаласаи навбатии геологҳои ҷаҳон соли 2012 дар Австралия доир мегардад», – изҳор дошт А.Иброҳим ва таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамучунин узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байнулмилалии улуми геологӣ низ гаштааст. Иттиҳоди мазкур соли 1961 таъсис ёфтааст.



«Узвият ба созмонҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии геологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони соҳибкасби ин соҳа омода карда шаванд ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи геология барқарор карда шаванд», – зикр кард А.Иброҳим.



Ёдрас мекунем, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонҳо нестанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...