Тоҷикистон ба узвияти ду созмони бонуфузи геологӣ пазируфта шуд

Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи Нади ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳафтаи сипаришуда дар Норвегия дар ҷаласаи 33-уми Конгресси байнулмилалии геологони ҷаҳон Тоҷикистон чун кишвари 120-уми узви ин созмон пазируфта шуд. «Ҳанӯз соли 1992 кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекситону Қазоқистон аъзои ин созмон шуда буданд ва мо барои аввалин бор […]


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи Нади ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳафтаи сипаришуда дар Норвегия дар ҷаласаи 33-уми Конгресси байнулмилалии геологони ҷаҳон Тоҷикистон чун кишвари 120-уми узви ин созмон пазируфта шуд.




«Ҳанӯз соли 1992 кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекситону Қазоқистон аъзои ин созмон шуда буданд ва мо барои аввалин бор дар кори ин конгресс ширкат варзида, чун узви комилҳуқуқи он пазируфта шудем», – гуфт ӯ.



«Тибқи муқаррарот Конгресс дар чор сол як маротиба даъват карда мешавад ва ҷаласаи навбатии геологҳои ҷаҳон соли 2012 дар Австралия доир мегардад», – изҳор дошт А.Иброҳим ва таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамучунин узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байнулмилалии улуми геологӣ низ гаштааст. Иттиҳоди мазкур соли 1961 таъсис ёфтааст.



«Узвият ба созмонҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии геологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони соҳибкасби ин соҳа омода карда шаванд ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи геология барқарор карда шаванд», – зикр кард А.Иброҳим.



Ёдрас мекунем, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонҳо нестанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.