Рӯзҳои наздик дар пойтахти ҷумҳурӣ «Боғи устод Рӯдакӣ» мавриди истифода қарор мегирад

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми 25-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи «Боғи устод Рӯдакӣ» доир мегардад. Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳ ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони мардумӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми 25-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи «Боғи устод Рӯдакӣ» доир мегардад.




Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳ ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони мардумӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон дар назар аст.



«Барои таҷдиду бозсозии боғ, ки қаблан боғи марказии истироҳату фароғат ном дошт, 17 миллион сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст», – гуфт ӯ.



Ба қавли Ш.Саидов, дар як вақт ҳамчунин ифтитоҳи маҷмааи ёдбуди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки корҳои сохтмонии таҷдиди боғи мазкур моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда буданд.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.