Р.Шарма: Зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд. Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод, ки масъалаи мазкур аз истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар вобаста аст. […]

Виктория Наумова


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд.


Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод, ки масъалаи мазкур аз истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар вобаста аст.




«Агар оби захирашуда дурусту оқилона истифода бурда шавад, зимистон мушкилоти зиёде ба бор нахоҳад овард», – гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи маълумоти ба ӯ расида, айни замон сатҳи оби обанбори Норак ба


900 метр

расидааст.



Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Туркманистон дар бобати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ қарордод ба имзо расонидаанд ва дар фасли зимистон аз Ӯзбекситон низ нерӯи барқ ворид карда мешавад.



Р.Шарма зикр кард, ки соли равон аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 300 МВт зиёдтар мешавад. Ғайр аз ин, Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати барқарориву бозсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеву ноҳияи Ёвон ва беҳбуди шабакаҳои тақсими нерӯи барқ кӯмаку мусоидат менамояд.



«Ин чорабиниҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо нерӯи барқ нигаронида шудаанд», – таъкид сохт ӯ.



Мавсуф

  

зикр кард, ки баъди чор сол аз Туркманистон ба воситаи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон лӯлаи интиқоли газ сохта хоҳад шуд. «


Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони он ширкат меварзад ва айни ҳол асноди заминаи иқтисодиву техникии лоиҳа тайёр карда мешаванд», – афзуд Р.Шарма.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.