Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба сифати нахи пахта мегузарад

Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон меъёрҳои умумии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (ИМА) оид ба нахи пахта чун меъёрҳои байнулмилалӣ қабул менамояд. Имрӯз сармутахассиси раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Тиловмурод Дониёров ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади баҳодиҳии воқеии сифати нахи пахта, афзоиши нарху имконоти содироти он ва фароҳам овардани шароити […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон меъёрҳои умумии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (ИМА) оид ба нахи пахта чун меъёрҳои байнулмилалӣ қабул менамояд.




Имрӯз сармутахассиси раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Тиловмурод Дониёров ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади баҳодиҳии воқеии сифати нахи пахта, афзоиши нарху имконоти содироти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсолкунандагону сармоягузорон роҳандозӣ мешавад.



Мавсуф зикр кард, ки тибқи маълумоти мушовирони байнулмилалии Бонки рушди Осиё, фурӯхтани нахи пахтаи тоҷик бо меъёрҳои байнулмилалӣ имкон медиҳад, ки қиммати он ба андозаи 80-82 доллари амрикоӣ зиёдтар карда шавад, ки дар натиҷа аз 10 то 15 млн. доллари амрикоӣ фоидаи иловагӣ ба даст хоҳад омад.



Мутахассисони вазорати кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони хориҷӣ ва Бонки рушди Осиё бар асоси шаш меъёри Департаменти кишоварзии ИМА меъёри техникии нахи пахтаро таҳия сохтанд, ки аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» тасдиқ гардида, ба рӯйхати давлатӣ дохил карда шуданд.



Барои гузаштан ба меъёрҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба сифати нахи пахта ҳалли як қатор масоили истеҳсол ва фурӯши он зарур аст. «Бо ин мақсад вазорат бо ҷалби коршиносону мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таъсиси гурӯҳи ҳамоҳангсозро дар сатҳи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд», – гуфт дар анҷом Т.Дониёров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.