Юсуф Абдусаломов ба медали нуқраи Олимпиада сазовор гашт

             Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то 84 кг варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт.   Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки […]

Аваз Юлдошев


             Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то


84 кг

варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт.





 



Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Ю.Абдусаломов бо ҳисоби 3 бар 9 аз гӯштингири гурҷӣ Ревази Миндоришвили шикаст хӯрд.



«Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид, – гуфт ӯ. –


Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.



Ҳамин тариқ, ҳамаи 15 нафар варзишгарони тоҷик ширкати худро дар мусобиқоти Олимпиада ба анҷом расонида, дар натиҷа соҳиби ду медал шуданд.



Ёдрас мекунем, ки медали нахустинро (биринҷӣ) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Ҳамчунин боксчиёни тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов дар қатори панҷ нафар боксчиёни беҳтарини олимпиада ҷой гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар олимпиада бори нахуст ба чунин дастовард ноил гаштанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.