ШСХК «Барқи тоҷик»: Барои захираи об то ҳадди ниҳоии обанбори «Норак» 17 метр боқӣ монд

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз сатҳи об дар обанбори Норак ба 894 метр баробар буда, барои расидан ба ҳадди ниҳоии он 17 метр боқӣ мондааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳафта ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба 820-830 метри […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз сатҳи об дар обанбори Норак ба


894 метр

баробар буда, барои расидан ба ҳадди ниҳоии он

17 метр

боқӣ мондааст.




Ба иттилои манбаъ, ин ҳафта ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба 820-830 метри мукааб дар як сония расидааст. «Дар даҳаи аввали моҳи август ҳангоми 40-43 дараҷа гарм будани ҳарорат миқдори ҷоришавии оби дарёи Вахш 1000-1100 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод ва сатҳи об дар як шабонарӯз то

50 сантиметр

боло мерафт», – изҳор дошт манбаъ.



Намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки соли гузашта об дар обанбор 17-уми сентябр то ҳадди ниҳоӣ захира гардида буд. «Тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, ахири моҳи август ва даҳаи аввали моҳи сентябр ҳарорати гармӣ то 40-43 дараҷа боло меравад ва мо умедворем, ки то ахири моҳи сентябр дар обанбор об то ҳадди ниҳоӣ захира хоҳад гардид», – гуфт намояндаи ширкат.



«Айни замон ҳамарӯза сатҳи об то

17 сантиметр

боло меравад ва ҳарчанд то сатҳи ниҳоӣ

17 метр

боқӣ монда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардидааст», – таъкид сохт манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.