Дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон 10 номгӯи китоби дарсии нав нашр шуд

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи Тоҷикистон муаррифии 10 номгӯи китоби дарсии нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мешавад. Аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки китобҳо дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон нашр шудаанд. «Яке аз самтҳои асосии табиқи барнома нашр […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи Тоҷикистон муаррифии 10 номгӯи китоби дарсии нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мешавад.




Аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки китобҳо дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон нашр шудаанд. «Яке аз самтҳои асосии табиқи барнома нашр ва тақсими китобҳои дарсие мебошад, ки бар асоси дастовардҳои навтарини нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.



Китобҳои таълимии тоза ба нақшаҳои таълимии мактабҳо ва меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯ буда, дар нашриётҳои «Собириён», «АВА», «Ксерокс Ленд», «Бахт», «Мавлавӣ ва «Матбуот» ба табъ расидаанд.



Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар доираи татбиқи Барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон 50 номгӯи китобҳои дарсии нав ба миқдори 4 млн. 217 ҳазору 500 адад нашр шудаанд, ки ҷиҳати чопи онҳо 4,7 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. Китобҳо ба макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.