ҶСК «Пава»-и Русия ба вилояти Суғд орди навъи якум ворид месозад

Date:


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз корхонаҳои бузурги минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Русия – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Пава» ба вилояти Суғди Тоҷикистон орди навъи якум ворид месозад.




Менеҷери ширкати номбурда Даря Коритина ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ин бора зимни сафари ҳайати намояндагони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Олтой мувофиқа ҳосил шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд хостори воридоти орди навъи якум аз ин корхона шудааст ва рӯзҳои наздик он ба вилоят оварда мешавад. Ҳамчунин аз ин ҷо воридоти дигар зироати ғалладона ба вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.



Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 120-125 сомонӣ ва навъи дуввуми истеҳсоли Қазоқистон ё Тоҷикистон 115-120 сомониро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...