ҶСК «Пава»-и Русия ба вилояти Суғд орди навъи якум ворид месозад

Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз корхонаҳои бузурги минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Русия – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Пава» ба вилояти Суғди Тоҷикистон орди навъи якум ворид месозад. Менеҷери ширкати номбурда Даря Коритина ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ин бора зимни сафари ҳайати намояндагони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз корхонаҳои бузурги минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Русия – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Пава» ба вилояти Суғди Тоҷикистон орди навъи якум ворид месозад.




Менеҷери ширкати номбурда Даря Коритина ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ин бора зимни сафари ҳайати намояндагони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Олтой мувофиқа ҳосил шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд хостори воридоти орди навъи якум аз ин корхона шудааст ва рӯзҳои наздик он ба вилоят оварда мешавад. Ҳамчунин аз ин ҷо воридоти дигар зироати ғалладона ба вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.



Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 120-125 сомонӣ ва навъи дуввуми истеҳсоли Қазоқистон ё Тоҷикистон 115-120 сомониро ташкил медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.