Хурӯҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон анҷом ёфт

Date:


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-Юга.ру – Хурӯҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон шоми 22-уми август анҷом ёфт. Дар ин бора хабаргузории «Юга.ру» иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои хабаргузорӣ, вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба президенти Русия Дмитрий Медведев дар ин бора ҳисобот додааст. «Хурӯҷи қисмҳои низомӣ бидуни мушкилот соати 19.50 дақиқа ба анҷом расид», – изҳор доштааст А.Сердюков.




Ба қавли вазири мудофиаи Русия, «чанде аз нерӯҳои низомии Русия ҳоло дар Осетияи Ҷанубӣ қарор дошта, қисмате аз он аллакай ба маҳалли иқомати доимӣ ба қаламрави Русия баргаштаанд». «Дар маҳали даргириҳо посгоҳҳои назоратии нерӯҳои ҳомии сулҳи Русия ба фаъолият шурӯъ карданд», – хабар медиҳад агентии «РИА Новости».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...