Ҳукумати Канада ба осебдидагон аз таркиши мина ба маблағи 14 ҳазор доллари канада кӯмак расонд

Душанбе. 25 август.   ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Канада ба Ташкилоти ғайридавлатии шаҳри Душанбе «Тавозуни зиндагӣ» ҷиҳати дастгирии шахсоне, ки аз инфиҷори минаҳо захм бардоштаанд, ба андозаи 14 ҳазор доллари Канада ёрӣ расонд. Маблағи мазкур барои ифтитоҳи истироҳатгоҳи махсус барои маҷрӯҳон сарф карда мешавад. Истироҳатгоҳ барои 22 нафар пешбинӣ шуда, дар басти аввал 22 шахси […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 25 август.

 

ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Канада ба Ташкилоти ғайридавлатии шаҳри Душанбе «Тавозуни зиндагӣ» ҷиҳати дастгирии шахсоне, ки аз инфиҷори минаҳо захм бардоштаанд, ба андозаи 14 ҳазор доллари Канада ёрӣ расонд. Маблағи мазкур барои ифтитоҳи истироҳатгоҳи махсус барои маҷрӯҳон сарф карда мешавад. Истироҳатгоҳ барои 22 нафар пешбинӣ шуда, дар басти аввал 22 шахси маҷрӯҳшуда дар осоишгоҳи «Садбарг» табобат карда мешаванд.




Ҳукумати Канада барномаҳои тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ҷаҳонро маблағгузорӣ менамояд. Ҳукумати ин кишвар бо дастгирии Бунёди кӯмакҳои башардӯстонаи Швейтсария ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо муддати 10 сол ба Тоҷикистон барои безарар гардондани минаҳо кӯмак мерасонад.



Сафири Канада дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон хонум Маргарет Скок изҳор намуд, ки ҳукумати мамлакаташ фаъолияти ташкилоти «Тавозуни зиндагӣ» – ро ҷиҳати барқарор сохтани саломатии осебдидагон дастгирӣ менамояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.