Иттифоқҳои касабаи Суғд ҳудуди 500 нафар хонандагонро бо сарулибоси мактабӣ таъмин мекунанд

Date:


Конибодом. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд чорабиниҳои хайрияи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ шурӯъ шуданд. Корманди масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи

 

вилоят Саидюсуф Афзалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иқдомоти мазкур ба муносибаи оғози соли нави хониш ва ҷашни Рӯзи иттифоқҳои касаба дар 18 шаҳру ноҳияҳо сурат мегиранд. «Бо назардошти имконоти мавҷудаи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ мо тасмим гирифтем, ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоатро бо сарулибоси мактабӣ таъмин намоем», – гуфт ӯ.




Мавсуф мегӯяд, ки иқдоми мазкур дар доираи барномаи кӯмаки иттифоқҳои касбаи минтақавӣ ба оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Раиси иттифоқи касабаи Ҷамъияти саҳомии «Бодом»-и Конибодом Ориф Қосимов гуфт, имрӯз аз номи иттифоқи касаба ба 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ сарулибоси мактабӣ тӯҳфа карда шуд.





 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...