Намояндагони санъати Чин ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд

            Душанбе. 26-ми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 29-ум то 31-уми август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Чин доир мегарданд.             Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайати иборат аз 44 нафари намояндагони Чин таҳти муовини вазири фарҳанги ин кишвар Динг Вейем аллакай ба Душанбе омаданд. Чорабиниҳои асосӣ дар «Кохи […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 26-ми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 29-ум то 31-уми август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Чин доир мегарданд.





           

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайати иборат аз 44 нафари намояндагони Чин таҳти муовини вазири фарҳанги ин кишвар Динг Вейем аллакай ба Душанбе омаданд. Чорабиниҳои асосӣ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешаванд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Чин дар аксҳои суратгирони тоҷик»-и Заур Дахте пешкаши тамошобинон мегардад. Ҳамчунин муаррифиномаи китоби муовини Шӯрои машваратии мардумии сиёсии Чин Сун Сядҷен бо номи «Орзую омоли фарҳанги кунунии Чин» низ доир мегардад.



Дар «Кохи Ваҳдат» баргузории консерти дастаҳои ҳунарии мусиқии Чин пешбинӣ шудаанд. Намояндагони Чин ният доранд, ҳамчунин аз ноҳияҳои Турсунзода ва Варзоб низ боздид намоянд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.