«Амонатбонк» узви Шӯрои байнибонкии СҲШ гардид

Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи IV -уми Шӯрои байнибонкии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гашт. Дар анҷоми ҷаласа раиси Шӯрои байнибонкии СҲШ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Мукан Сабинбеков ба иштирокдорон раиси «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминовро расман ҳамчун шарики нави шӯро аз Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Ҳамчунин […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи


IV


-уми Шӯрои байнибонкии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гашт.




Дар анҷоми ҷаласа раиси Шӯрои байнибонкии СҲШ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Мукан Сабинбеков ба иштирокдорон раиси «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминовро расман ҳамчун шарики нави шӯро аз Тоҷикистон муаррифӣ намуд.



Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маросими ба имзо расидани Протоколи умумӣ ва тасдиқи Ёддошт оид ба муносибати ҳамкории Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Авруосиё доир гардид. Қарор карда шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба узвияти Бонки Авруосиё пазируфта хоҳанд шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.