Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд

Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд. Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл сокини 34-солаи шаҳри Душанбе Рухиддин Сафаров, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муддати як сол […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд. Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл сокини 34-солаи шаҳри Душанбе Рухиддин Сафаров, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муддати як сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир карда шудааст.




«Оғози соли равон гумонбаршуда ба боварии мудири мағозаи масолеҳи сохтмон Ҷӯрабек Ёров даромада, аз ӯ ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ семент мегирад ва пас аз ин бедарак мешавад, – зикр кард ӯ. – Мудири мағоза ба ваъдаҳои қаллоб фирефта гашта, интизорӣ мекашад, ки пас аз як соат маблағи сементи фурӯхташударо мегирад, вале аз харидор ҳеҷ ному нишоне пайдо намешавад ва баъд аз 2 моҳ ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунад».



Нисбат ба аъмоли боздоштшуда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.