Э.Раҳмон: Боздиди кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид

Date:



           

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳатйтҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чин президенти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки боздиди давлатии кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.





           

Ӯ сарвари давлати Чинро дӯсти қадрдони тоҷикон номида, зикр кард, ки гуфтушуниди Душанбе мавқеи ҷонибҳоро бобати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам наздиктар сохт.




           

«Айни замон сатҳи ҳамкориҳо дар ҳоли рушд аст ва мо мутмаинем, ки санадҳои имрӯз баимзорасида ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро мушаххастар месозанд», – гуфт Э.Раҳмон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 80 ширкатҳои чиноӣ дар соҳаҳои алоқа, сохтмон ва умури хизматрасонӣ фаъолият доранд.




           

«Мо ният дорем, бо ёрии Чин дар рӯдхонаҳои дохили кишвар як қатор нерӯгоҳҳои обиву барқӣ бунёд созем ва боварӣ дорем, ки ояндаи наздик мутахассисони кишварҳо рӯйи он ба фаъолият хоҳанд пардохт», – таъкид сохт президенти Тоҷикистон.




           

Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин ҷонибдори таҳкиму устувории минбаъдаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошанд ва изҳори умед кард, ки нишасти қарибулвуқӯъ дар Душанбе ба он мусоидат хоҳад намуд.




           

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао баён дошт, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар азхудкунии захоири минералӣ, рушди гидроэнергетика ва бахши кишоварзӣ мусоидат намояд. Ху Тсзинтао аз намояндагони ширкатҳои хусусӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар фаъолияти худро густардатар созанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...