Э.Раҳмон: Боздиди кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид

            Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳатйтҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чин президенти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки боздиди давлатии кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.             Ӯ сарвари давлати Чинро дӯсти қадрдони тоҷикон номида, зикр кард, ки гуфтушуниди Душанбе мавқеи […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳатйтҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чин президенти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки боздиди давлатии кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.





           

Ӯ сарвари давлати Чинро дӯсти қадрдони тоҷикон номида, зикр кард, ки гуфтушуниди Душанбе мавқеи ҷонибҳоро бобати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам наздиктар сохт.




           

«Айни замон сатҳи ҳамкориҳо дар ҳоли рушд аст ва мо мутмаинем, ки санадҳои имрӯз баимзорасида ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро мушаххастар месозанд», – гуфт Э.Раҳмон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 80 ширкатҳои чиноӣ дар соҳаҳои алоқа, сохтмон ва умури хизматрасонӣ фаъолият доранд.




           

«Мо ният дорем, бо ёрии Чин дар рӯдхонаҳои дохили кишвар як қатор нерӯгоҳҳои обиву барқӣ бунёд созем ва боварӣ дорем, ки ояндаи наздик мутахассисони кишварҳо рӯйи он ба фаъолият хоҳанд пардохт», – таъкид сохт президенти Тоҷикистон.




           

Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин ҷонибдори таҳкиму устувории минбаъдаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошанд ва изҳори умед кард, ки нишасти қарибулвуқӯъ дар Душанбе ба он мусоидат хоҳад намуд.




           

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао баён дошт, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар азхудкунии захоири минералӣ, рушди гидроэнергетика ва бахши кишоварзӣ мусоидат намояд. Ху Тсзинтао аз намояндагони ширкатҳои хусусӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар фаъолияти худро густардатар созанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.