Имрӯз Э. Рахмон бо М.Аҳмадинажод гуфтушунид хоҳад кард

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон – Эмомалӣ Раҳмон […]

Виктория Наумова


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад кард.




Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздид аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост.



Сафир зикр кард, ки дар Душане бобати мулоқоти дуҷонибаи М.Аҳмадинажод бо сарони кишварҳои Русия, Чин ва Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст. «Ҳамчунин иштироки президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назар аст», – афзуд Алиасғари Шеърдӯст.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.