Мулоқоти Э.Раҳмон ва Ху Тсинтао дар «Кохи Миллат»

Date:


           Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон дар «Кохи Миллат» мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Сипас гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт, ки аз рӯи натиҷаҳои он сарварони кишварҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Чинро дар бораи рушди минбаъдаи муносиботи ҳаҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.





           

Интизор меравад, ки вазирони умури хориҷии кишварҳо Барномаи ҳамкории миёни давлатҳоро дар солҳои 2008-2013 ба имзо расонанд. Ҳамчунин як қатор асноди ҳамкории байниҳукуматӣ, аз қабили Созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата ва пешгирии дасткашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, Созишномаи алоқаи байнулмилалии нақлиётӣ, Созишномаи ҳамкории ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки содироту воридоти Тоҷикистон низ ба тасвиб хоҳанд расид. Тасвиби Созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Бонки рушди Чин низ дар назар аст.



Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...