Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пазируфтани Покистон ба узвияти СҲШ фаъолияти созмонро тақвият хоҳад бахшид.
«Мо СҲШ-ро чун созмони пурқувват дидан мехоҳем ва узвияти кишвари мо ба он мусоидат хоҳад кард», – изҳор дошт мусоҳиб.
Сиёсатмадори покистонӣ изҳори умед кард, ки дар нишасти Душанбе шарту усулҳои пазируфтан ба узвияти созмон мушаххас карда хоҳанд шуд.


