А.Дубнов: Ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои СҲШ ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи сиёсии рӯзномаи русиягии «Время новостей» Аркадий Дубнов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест.




«Кишварҳои боқимондаи созмон аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала ба хубӣ огоҳанд, зеро ин ду кишвар бо ҳам робитаҳои таърихиву фарҳангии муштарак доранд», – гуфт ӯ.



Дар мавриди шарҳи масъалаи баррасии қазияи Осетияи Ҷанубиву Абхазистон дар нишаст коршиноси сиёсӣ чунин изҳори назар намуд, ки «яқинан, сарони кишварҳои узви СҲШ аз тарҳи Медведев-Саркозӣ, ки дар он оид ба эътирофи истиқлоли ин кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, пуштибонӣ хоҳанд намуд». Ба ақидаи А.Дубнов, дар нишасти мазкур ҳеҷ санад ё изҳороте оид ба вазъи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ қабул нахоҳад гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...