Э.Раҳмон бо сарони кишварҳои Эрон, Қазоқистон ва Русия дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд

          Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии […]

root



          Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс»




Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт.




Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯйи барқ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои

 

Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мароқ зоҳир карда шуд.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.


Дар вохӯрӣ оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки барои он заминаи фарохи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байнидоравӣ ва

 

байни доираҳои соҳибкории

 

ду кишвар муҳайё гаштааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



Сарони ду давлат омодагии худро баҳри густариши ҳамҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо орду ғалла ва маҳсулоти нафтӣ таъкид намуданд.



Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

бо Президенти Федератсияи Россия

 

Дмитрий Медведев мулоқот намуд.



Дар вохурӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.



Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии байни ду шарики стратегӣ ва ҳамгироиҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зоҳир гардид.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.