Дар Бишкек зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи Статегияи рушди иқтисодии иттиҳод баррасӣ мешавад

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 18-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, 18 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ҷаласа ба лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии иттиҳод дар давраи то соли 2020 ва масъалаи афзалиятнок шуморидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика барои соли 2009 таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.



Дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин асноди Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, аз ҷумла лоиҳаи Муқаррарот дар бораи раёсат дар ИДМ, Қоидаҳои тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои сарони кишварҳо, нахуствазирон, вазирони умури хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ ва Муқаррарот дар бораи Ҳамоҳангсозони миллӣ низ муҳокима карда мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...